Аз он даврае, ки таълиму тарбияи инсон ба расмият даромад, масъалаи шаклҳои таълим ба миён омад. Дар оғоз шаклҳои гуногуни таълим вуҷуд доштанду санҷида шуданд, ки яке аз маъмултарини онҳо тарбияву таълими инфиродӣ (индувидуалӣ) мебошад.
Вале тадриҷан таълими гурӯҳӣ - таълим дар синфҳои алоҳида дар асоси синну соли хонандагон мавқеи асосӣ пайдо карду марҳила ба марҳила бартариашро собит намуд. Бартариҳои асосии ин шакли таълим дар он аст, ки кори омӯзгорон ва роҳбарияти мактабро ба низом медарорад, ҷадвал ва тартиби муайяни дарсҳоро муқаррар месозад, аҳлият (коллективизм)-ро байни шогирдон ривоҷ мебахшад, барои татбиқи ҳама нақшаю омодагиҳои омӯзгор шароит фароҳам меоварад.
Ҳоло метавон гуфт, ки дар саросари таълимгоҳҳои ҷаҳон дарс чун шакли асосии таълим пазируфта шудааст. Дар кишвари мо низ фаъолияти таълимӣ дар тамоми мактабҳо, пеш аз ҳама, тавассути дарс ҷараён бахшида мешавад. Маълум, ки бо мурури замон дар асоси таҷрибаву таҳқиқотҳо ва омилҳои дигар дарс ҳамчун самараноктарин воситаи таълим такмил меёбад, фарогиртару пурмуҳтаво мешавад, талаботҳо бо он меафзоянд. Бо ин ҳама, омӯзгор ҳамчун коргардон ва чеҳраи асосии дарс боқӣ мемонад. Ҳатто, дар усулҳои фаъоли таълим ва дар низоми таълими салоҳиятнок низ, ба вуҷуди он ки иштироки хонандагон ва амалиёти онҳо муҳимтар шуморида мешавад, омӯзгор мавқеи меҳварӣ дорад, ӯ раҳнамо, тафсирбахш, ислоҳгар ва қазоватгар боқӣ мемонад.
Чунонки гуфтем, ҳар як давру замон нисбат ба дарс талаботи тоза ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, масалан, нисбат ба дарси асри бист ба дарси замони муосир талабот боз ҳам афзудааст.
Дар дарси муосир истифодаи технологияи навини таълимӣ (чун компютер, тахтаи электронӣ, имконоти интернет…) амри зарурӣ ва омили самарабахш мебошад. Аз ин рӯ, тақозо мешавад, ки ҳар як омӯзгор ин воситаҳои навини техникиро омӯзад ва бо онҳо кор карда тавонад.
Дар замони муосир ҷанбаи тарбиявии ин дарсҳо қавитар бояд бошад, зеро мо дар ҷаҳони пуртазод, дар муҳити бархӯрди манфиатҳо ва дар зери таъсири идеологияҳои гуногун қарор дорем. Ин ҳолат барои насли наврас хеле муассир аст. Вобаста ба ин, дар дарси муосир бояд ба тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва хештаншиносии хонандагон мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Омӯзгор барои омодагӣ ба дарси муосир бояд бештар рӯ ба маводи илова оварад, чунки мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳамарӯза иттилову маълумоти тозаву навину судманд ба миён меоянд. Омӯзгор тавассути дарсҳояш низ бояд ҳамеша ҳамқадами замон бошад.
Махфират Шарифова,
омӯзгори таърих
Иловакунӣ
Иловакунии фикр