Кор бо китоби дарсӣ дар мактаб набояд дилгиркунанда, яктарафа, стандартӣ ва дуюмдараҷа бошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як хонандаи сеюми мактаби ибтидоӣ дар хондан ва фаҳмидани матни хондашуда мушкилоти ҷиддӣ дорад.
Вазифаи муаллим ба хонандагон ёд додани мустақилона бо китоб кор кардан аст. Нишондиҳандаи асосии ин маҳорат на дар он ифода меёбад, ки хонандагон баъд аз 5 маротиба хондани китоб матнро аз худ карданд, балки иборат аст аз он ки хонандагон ҳангоми хондани китоб онро мефаҳманд. Кори самаранок бо китоб бояд ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона ба роҳ монда шавад. Яъне муаллим бояд мавзӯи “Кор бо китоби дарсӣ”-ро ба хонандагон дар сатҳи баланд ёд бидиҳад.
Чӣ гуна тарзу усулҳои кор бо китобро мо метавонем имрӯз пешкаши муаллим созем?
Кор бо луғат
Муаллим бояд ба ҳар як калимаи матн аҳамият диҳад. Нафаҳмидани 1 ё 2 калимаи матн ба он оварда мерасонад, ки хонандагон матнро умуман намефаҳманд. Ҳангоми кор бо луғат муаллим бояд аз хонандагон пурсад, ки кадом калимаҳо нофаҳмоанд. Онҳоро дар тахтаи синф навишта шарҳ диҳанд.
Савол додан
Баъд аз хондани матн муаллим бояд бо исрор аз хонандагон пурсад, ки онҳо доир ба ба матни хондашуда чӣ саволҳо доранд? Одатан хонандагони мо кам савол медиҳанд. Муаллим бояд хонандагонро ба ин кор аз синфи якум одат кунонад.
Кор бо сарлавҳаҳо
Ҳар як матни китоби дарсӣ сарлавҳа дорад. Муаллим бояд онро хуб аз назар гузаронида, ба хонандагон бигӯяд, ки барои чӣ муаллиф ба матн чунин сарлавҳа гузоштааст. Муаллим метавонад аз хонандагон бипурсад, ки матнро нахонда, дар бораи сарлавҳа чӣ фикр доранд? Муаллим дар байни хонандагон чунин муҳите меофарад, ки онҳо нисбат ба матн муносибати бодиққат мекунанд ва агар муаллим як бори дигар гуфтаҳои хонандагонро пеш ва баъд аз хондани матн муқоиса намояд, он гоҳ вай ба хонандагон муқоиса кардани фикрҳои худашон бо фикрҳои муаллифи матнро меомӯзонад.
Муколама кардан. Муколама бо китоб шакли махсуси муомилаи кӯдак бо матн аст, ки тафаккури кӯдакро инкишоф медиҳад, ба кӯдак хониши бошуурона ва тарзи тартиб додани саволҳоро меомӯзонад. Дар мактаби ибтидоӣ матнро ҷумла – ҷумла хонда, аз ин ҷумла ба ҷумлаи дигар савол додан мумкин аст. Масалан: дарси табиатштносӣ. Мавзӯи дарс “ Наботот ва гармии офтоб”. Шумо ба хондани матн шурӯъ мекунед: ”Гармии офтоб ба наботот зарур аст. ”Аз хонандагон бипурсед: - Муаллиф матнро чӣ хел бояд давом диҳад?” Хонандагон фикр мекунанд ва ҷавоб мегӯянд. Муаллим ҷумлаи дуввумро мехонад. ”Онҳо дар ҳавои гарм калон мешаванд, гул мекунанд, тухмӣ ва ҳосил медиҳанд”. Саволҳо: - Онҳо киҳоянд? Барои чӣ наботот ин корҳоро мекунанд? Муаллиф дар давомаш чӣ мегӯяд?”, Муаллим ду ҷумлаи сеюмро мехонад:” Наботот ва растаниҳо дар фасли зимистон ба хоб мераванд”. Ва боз саволҳои муаллим:” Барои чӣ онҳо дар фасли зимистон калон намешаванд ва гул намекунанд?” ва ғайраҳо. Ин кор вақти зиёди дарсро мегирад, барои ҳамин ҳам муаллим ҳангоми ба кӯдакон ёд додани муколама ба матн инро бояд дар назар гирад.
Барои хондан бояд машқҳои ғайриодӣ диҳанд.
Муаллим барои ба таври ғайримаъмулӣ ва ғайриодӣ хондани матн бояд имконият фароҳам оварад. Барои мисол, як матни хурдро мегирем, ки калимаҳояш парешонанд:
Оби тоза
Барои, ҳаёт, солим, тоза, об, ба, ҳама, лозим аст, зинда, оганизмҳо, Тоза, чӣ хел, об, вай? Муаллим метавонад ин матнро пешакӣ дар тахтаи синф бинависад ва хонандагонро ба ҷуфтҳо ҷудо карда, аз онҳо ҷамъ ва якҷоя намудани матнро хоҳиш намояд.
Ба хонандагон фаҳмидан ва муқоиса карданро омӯзонед.
Муаллим дар охир ҳаминро бояд аниқ намояд, ки дар вақти кор бо китоби дарсӣ кӯдакон бояд бифаҳманд, дар хотир нигоҳ доранд ва хулоса бароранд. Пеш аз он ки хонандагон ин корро мекунанд, онро ба онҳо ёд бояд дод.
Нигина Мирзоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
гимназияи хусусии «Тоҷикистон»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр