Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохтор ва таҳкими ҳамкориҳои байналхалқӣ дар ин самт оғоз намуд. Намунаи ин амал Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» мебошад. Стратегияи мазкур бо дарназардошти стандартҳои зиддикоррупсионӣ, ки аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, дар мувофиқа ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ба инобат гирифтани пешниҳодоти коршиносони ватаниву хориҷӣ таҳия карда шудааст.
Нақшаи ин стратегия дар солҳои 2013 – 2020 гузаронидани 89 чорабиниро пешбинӣ карда, ба таври мушаххас муҳлати иҷрои онро пешбинӣ намудааст. Аз натиҷаи иҷрои он ҳар сол гузориши вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатии мутасаддӣ пешниҳод мегардад ва назорати он аз ҷониби Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Чунин як чорабинӣ дар мактаби рақами 54 – и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе бо иштироки як қатор роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳия Сино, хонандагони синфҳои болоии мактаби мазкур дар мавзӯи «Фаҳмондадиҳии мафҳуми муқовимат ба коррупсия, мақсаду маром, ҳадафҳо, самтҳои асосии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» баргузор гардид.
Намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе Носирӣ Алишер Қаҳҳор иттилоъ дод, ки чунин ташаббус дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, танҳо бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва такмил додани маърифати ҳуқуқии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волоияти қонун равона карда шудааст. Мавсуф, ҳамчунин, таъкид кард, ки доир ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ бояд ҳар як муассисаи таълимӣ нақша - чорабиниҳо тартиб дода, мунтазам чорабиниҳо гузаронанд. Ба ин хотир, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт байни аҳолӣ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёбад.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр