Ташкили марказҳои инкишофи кӯдак амали пурманфиат буда, ба рушди зеҳнии кӯдакон мусоидат мекунад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки айни замон фаъолияти ин марказҳо волидайну масъулинро қонеъ мекунад?
Тибқи “Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар вилоят то соли 2021 бояд 560 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, зиёда аз сад адад муассисаи таълимии томактабӣ бунёд гардад. Мутаассифона, иҷрои ин барнома қаноатбахш нест.
Ба иттилои масъулони раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилоят 479 ҳазору 776 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо қариб 93 дарсади кӯдакони минтақа аз таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд. Ин дар ҳолест, ки вилояти Хатлон аз деҳаву ҷамоатҳои зиёд иборат буда, дар бештари онҳо муассисаи томактабӣ вуҷуд надорад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ феълан 142 ададро ташкил дода, 15482 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда ғайриқаноатбахш мебошад.
Аз рӯи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бояд то соли 2020 365 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта ба истифода дода шавад. Тибқи талаботи барнома дар чор соли охир (солҳои 2014-2018) бояд 235 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта мешуданд.
- Мутаассифона, дар ин давра ҳамагӣ 4 муассисаи хусусии таҳсилоти томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, - гуфт сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Хосият Миралиева.
- Тавре мебинем, дар чор соли охир, ҳатто, даҳяки теъдоди пешбинишудаи муассисаҳои томактабӣ бунёд нашудааст.
Мавсуф илова кард, ки дар вилояти Хатлон дар асоси «Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» чораҳои зарурӣ андешида шуда, мувофиқи нақша бояд фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба 30% расонида шавад. Барои иҷрои ин нақша ташкили шакли алтернативии таҳсилоти томактабӣ-марказҳои инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шудааст.
Агар соли таҳсили 2013-2014 шумораи марказҳои инкишофи кӯдак дар вилоят 405 адад ва фарогирии кӯдакон 9988 нафарро ташкил медод, дар соли 2018 теъдоди марказҳо ба 740 адад ва фарогирӣ дар онҳо ба 17881 нафар расид. Вале бо сабабҳои гуногун дар ибтидои соли 2019 27 Маркази инкишофи кӯдак баста шуд.
Марказҳое, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ ташкил шудаанд, аз ҳисоби падару модарон маблағгузорӣ (асосан дар деҳот) мешаванд. Фаъолияти ин марказҳо барои омода намудани кӯдакони 6-сола ба муассисаҳои таълимӣ равона шудааст ва ин раванд бояд аз тарафи муассисаи таълимӣ назорат ва ҷараёни истифодаи маблағҳои аз ҷониби падару модарон пардохтгардида тибқи талаботи қонунгузорӣ ба расмият дароварда шавад.
Хосият Миралиева изҳор дошт, ки бештари муассисаҳои таълимӣ маблағҳои аз ҷониби падару модарон пардохтгардидаро ба расмият дароварда наметавонанд, зеро ташкил ва истифодаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ вақти зиёдро мегирад, механизми аниқ ва содаи аз ҳисоби падару модарон маблағгузорӣ кардан дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ нашудааст. Аз ҳамин ҷиҳат, дар аксари муассисаҳои таълимӣ барасмиятдарории маблағҳои аз ҷониби падару модарон пардохтгардида нодуруст сурат мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муассисаҳои таълимӣ суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсус, инчунин, харҷномаи даромаду хароҷот надоранд. Дар маҷмӯъ, чунин мушкилот боис мегардад, ки муассисаҳо барои ҷалб кардани тарбиятгирандагон чандон ҳавасманд нестанд ва аксари кӯдакони синни томактабии деҳот ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта намешаванд.
Дар анҷом ҳаминро қайд кардан мебояд, ки танҳо бо назорати ҷиддӣ бурдан аз рӯйи фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак, ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳа ва муҳайё кардани шароити зарурӣ дар ин самт метавон ба баланд шудани сифати таълиму тарбия муваффақ гашт. Дар акси ҳол вазъи омодашавии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чун солҳои қаблӣ бетағйир боқӣ мемонад.
С. АЗИЗӣ,
рӯзноманигор, вилояти Хатлон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр