Нашрияи Омӯзгор

Нуфузи шӯхтабъӣ дар толори калони консертӣ

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Чанд мулоҳиза дар робита бо ҳунарнамоии дастаи «Борбадиён»-и ДДФС Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар маҳфили «Зарифон»

Лоиҳаи телевизионии маҳфили «Зарифон», ки бо ибтикори  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, рақобати ҳунарӣ ва эҷодии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро ба намоиш мегузорад.

Ҳадафи асосии маҳфили «Зарифон», қабл аз ҳама, дар ҳузуру нуфузи ҳазлу шӯхтабъӣ миёни ҷомеаи донишгоҳӣ зоҳир мегардад. Ба ин хотир наздик ба як сол аст, ки маҳфили «Зарифон» рақобати ҳунарӣ ва маҳорати ҳаҷвнигории донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳуриро ба намоиш мегузорад. Инак, маҳфил дар даври дуюм кори худро ба поён расонд.

      Ба даври дуюм дастаҳое роҳ ёфтанд, ки дар даври аввал бар рақибони худ пирӯз гардида, холи баланд гирифтаанд. Дар миёни дастаҳои ғолиб, ки ба даври дуюм роҳ ёфтанд, дастаи «Борбадиён»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода низ қарор дорад. «Борбадиён» дар даври аввал бар дастаи «Гулшани маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пирӯз гардида, соҳиби 95 хол шуда буд. Даври дуюм «Борбадиён» бо дастаи «Нурафшон»-и Донишкадаи энергетикии Қӯрғонтеппа рақобат кард. Дастаи «Борбадиён» танҳо ба хотири баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор шудан иқдом накарданд, балки ҳадафи асосӣ ва калидӣ – ба тамошобин дастовези хуби ҳазлу зарофат овардан ва аз ин тариқ болида сохтан ва баланд бардоштани сатҳи шӯхтабъии мардумро дунбол карданд. Дар даври аввалӣ, ки намоиши маҳфили «Зарифон» дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, ҳамин ҳадаф дунбол шуда буд ва тамошобин аз тамошои барномаҳои ҷолибу рангини ҳуҷвии донишҷӯёни ДДФСТ қаноатманд шуд. Аммо ин дафъа бо сабаби таъмири Филармонияи давлатӣ маҳфил дар толори бузурги ин даргоҳи ҳунарӣ доир нагардид. Аз ин рӯ, тамошобинон лаззати қаблиро аз тамошои барномаҳои ҳунарӣ гирифта натавонистанд. Бо вуҷуди ин ки толори калони консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода нисбатан маҳдуд буд, бинандагон ва мухлисони ҳар ду даста аз тамошои барномаҳои озмунӣ лаззат бурданд.  

Дастаи «Борбадиён»-и ДДФС Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар даври дуюм ҳам саҳнаҳои ҷолибро манзури тамошобинон кард, вале барномаҳои пешниҳоднамуда, ростӣ, шукӯҳу шаҳомати қаблиро надошт. Албатта, «Борбадиён» дар даври дуюм расман 96 холро сазовор гардид, ки дар қиёс бо дастаҳои дигар баландтарин баҳогузорӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳар сурат, дастаи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар доираи талаботи маҳфили «Зарифон» тавонист ҳирфаӣ будани худро ба намоиш гузорад ва барои дигар дастаҳои ҳунарӣ намуна бошад.

Н. Нуров,

устоди  ДДФСТ ба номи

М. Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш