Нашрияи Омӯзгор

Ёдгоре аз афредуну ҷам

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав-батии худ аз ҷашни Сада ёд карда, таҷлили онро дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон зикр намудаанд.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони эронитабор мебошад. Аз рӯи маълумоти Муҳаммад Наршахӣ, Абдулқосими Фирдавсӣ, Байҳақӣ маълум мегардад, ки аз аҳди бостон ҷашни Сада дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (солшумории хуршедӣ) ҷашн гирифта мешуд, ки тибқи тақвими мелодӣ баргузории он ба рӯзҳои 30-31-уми январ баробар аст.

Решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба шуғли кишоварзӣ вобастагӣ дошта, сарчашмааш ба рӯзгори қадимаи мардумони эронитабор пайванди ногусастанӣ дорад. Ҷашни Сада дар оғози ҷамъияти инсонӣ дар байни қавму қабилаи мардумони эронитабор, ки барвақт ба зироатпарварӣ шуғл варзидаанд, пайдо гардидааст.

Аз рӯи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ инсонҳо гӯё ҷашни Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтаанд. Дар ин ҷашн моддаҳои хушбӯйро бухор мекардаанд, ки зимистон ба осонӣ сипарӣ гардад ва ба инсонҳо осебу зиён нарасад.

Тибқи иттилои Фирдавсӣ, пайдоиши оташ ба Ҳушанг иртибот дорад.

Бояд хотиррасон сохт, ки вожаи Сада форси тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форсии бостон ва «Авасто» вожаи «Сат» ба маънои «Сад», яъне адади «сад» корбаст шудааст.

            Абӯрайҳони Берунӣ дар як асараш, ки «Аттаҳфим» ном дорад, гуфтааст, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, яъне бист рӯз аз моҳи Баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи Исфанд, ки панҷоҳ шабонарӯз якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад баробар аст. Маънои калимаи Сада низ аз ҳамин ҷо пайдо шудааст.

Дар рустоҳои болооби водии Зарафшон аз қадимулайём то ба имрӯз ин ҷашнро хеле хуб пешвоз мегиранду аз он арҷгузорӣ менамоянд ва мегӯянд, ки гӯё ин ҷашни шукргузорӣ ба Офаридгор будааст.

Даврони ҷавонӣ сахт дар хотир дорем, ки дар  рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ ин ҷашнро ҳамаи мардум бо шукӯҳи ба худ хос ҷашн мегирифтанд. Мардум хурсандиву нишот мекарданд, кӯдакон ҷудо, занону духтарон ҷудо, мардон ҷудо хушнудӣ менамуданд. Як гурӯҳ мардон оташ меафрӯхтанду дар атрофи он ду нафари онҳо дойра менавохтанду дигарон қарсакзанону рақскунон ба муносибати даромадани ин ҷашн сурудхонӣ мекарданд.

Гурӯҳи дигари мардум дар хонаҳо оташ афрӯхта намадрезӣ мекарданд, ки ин маросимро дар ҷашни Сада «Намадрезон» мегӯянд.  

Унсурӣ низ ба ҷашни қадимӣ будани Сада ишора намудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин ин шаб гӯё кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Хулоса, то замони ҳамлаи муғул ҷашни Сада дар дарбор ва байни халқ чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон тибқи анъаноти ориёиён  таҷлил мегардид.      

 

Шарифи Гулзод,

омӯзгори калони кафедраи

забони тоҷикӣ,

М.Раҳмонов,

 номзади илмҳои филология, дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш