Нашрияи Омӯзгор

Равшангарони чароғи маърифат

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Рушду такомули ҳар як давлат аз пешравии соҳаи мактабу маориф ва чӣ гуна ба роҳ мондани тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф, махсусан  беҳтар кардани шароити маишиву иҷтимоии омӯзгорон, бунёди муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид, ба талаботи замон мувофиқ гардонидани низоми таълим, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба забономӯзии бештар фаро гирифтани хонандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои англисӣ ва русӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. 

Мафҳумҳои муқаддаси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон, эҳтироми калонсолон ва дигар арзишҳои миллӣ маҳз дар муассисаи таълимӣ оғоз ёфта, ба мафкураи насли наврас ҷой карда мешаванд.  Аз ин рӯ, нақши омӯзгор  дар раванди таълиму тарбия басо муассир аст. Омӯзгор равшангари чароғи маърифат ва тарбиятгари насли ояндасозони ҷомеа мебошад. Бе устод ягон нафар наметавонад, ки аз доираи тафаккури маҳдуд берун барояд, одаму оламро фаҳмад, роҳу равиши зиндагиашро дарёбад. Мутафаккири бузурги халқи тоҷик Аҳмади Дониш гуфтааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Дар марҳилаи имрӯза, ки минтақаҳои гуногуни сайёраро муноқишаҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифтааст, зарурати боз ҳам бештар ҷудо кардани таваҷҷуҳ ба масъалаи таълиму тарбия, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати таълим ба миён меояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидааст: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ҳамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем».

Ҷавобан ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами  миллат мо, омӯзгорон, бояд дарк намоем, ки сифати омодасозии мутахассисони оянда аз касбият, маҳорату малака ва натиҷаи фаъолияти муаллимон вобастагӣ дорад.  Бинобар ин, ҳамарӯза мо бояд дар омӯзиш бошем  ва дар ҳар як машғулият аз усулҳои нави фаъоли таълим, техникаю технологияи муосир истифода бурда, дар замири хонандагон ҳисси муҳаббат ба Ватани азиз, ғояҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро ҷой кунем. Самаранокӣ ва сатҳу сифати таълимро баланд бардорем.

Бо мақсади татбиқи амалии иқдомҳои неку хайрхоҳонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахти кишвар сохтмони бинои 21 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 18,5 ҳазор нафар талаба ба нақша гирифта шудааст. Тасмими мазкур имконият медиҳад, ки даҳҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳаи маориф соҳиби ҷойи кори нав шаванд, сифату самараи таълим боло равад ва пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо гардад.

Лола Авезова,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш