22-24-уми январи соли 2019 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар асоси модули омӯзишии байнифаннӣ барои кормандони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони “Муносибати босалоҳият дар амалияи таълим: роҳҳои рушди салоҳиятҳои асосӣ ва байнифаннӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсади он омода намудани ҳайати кормандони хадамоти методӣ ҷиҳати татбиқи муносибатҳои босалоҳият дар таълим буда, 154 нафар намояндаи хадамоти методӣ аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.
Дар ҷамъбасти семинат Латофат Назирӣ–муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки масъули кабинети методӣ ё мушовирони фаннӣ баҳри дар амал татбиқ намудани муносибати босалоҳият ба таълим ҳамвора талош намоянд. Маҳз бо кӯшишу талоши онҳо низоми мазкур самаровар гардида, дар баланд гардидани сатҳу сифати таҳсил мусоидат менамояд.
Сергей Габришек–сардори лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» қайд намуд, ки иштироккунандагон донишу таҷрибае, ки омӯхтанд, дар раванди таълиму тадрис ҳадафмандона истифода менамоянд.
Ба иштироккунандагони семинари омӯзишӣ шаҳодатнома тақдим карда шуд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
мутахассиси Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр