28 январи соли 2019 нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни он ректори донишгоҳ М. Имомзода иброз дошт, ки яке аз дастовардҳои муҳимми раёсати донишгоҳ дар самти татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштан ба натиҷагирии фаъолияти донишҷӯён аз ҷониби омӯзгор аз тариқи журналҳои электронӣ мебошад, ки ҷиҳати татбиқи ин низом ва баргузории муътадили имтиҳонҳои ҷорӣ раёсати донишгоҳ марказҳои тестии назди факултаҳоро таъсис дода, дар назди ҳар як факулта марказҳои тестӣ бо ғунҷоиши аз 30 то 100 адад компютер ва ҷойи нишасти донишҷӯёнро ташкил кард.
Ба ин васила дар донишгоҳ Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ иҷро гардида, таъсиси Ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ татбиқи худро ёфт. Бо мақсади муназзамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи информатсионӣ барои ҷумҳурӣ ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ раёсат дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон факултаи муштараки ДМТ бо Донишгоҳи давлатии Беларусро таъсис дод, ки аз рӯи ихтисосҳои амнияти компютерӣ, информатикаи татбиқӣ, математика ва технологияи информатсионӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот, саёҳат ва меҳмондорӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
М. Имомзода зикр намуд, ки дар 117 кафедраи донишгоҳ (110 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1527 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар академик, 14 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 168 доктори илм, 504 нафар номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Шумораи омӯзгорони унвондор 53,4 фоиз ва шумораи донишҷӯён 23 947 нафар (17 816 нафар дар шуъбаи рӯзона, 5489 нафар дар шуъбаи ғоибона, 642 нафар дар магистратура)-ро ташкил медиҳад. Донишгоҳ дорои 19 факулта ва 20 бинои таълимӣ аст.
Дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултаҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ 2183 компютер, 583 принтер, 176 видеопроектор ва 117 адад тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор дошта, 1020 компютер ба шабакаи Internet пайваст мебошад.
- Дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ эътироф шудааст. Соли 2018 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилалии 11-уми бонувони ихтироъкор баргузор гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгори факултаи химияи донишгоҳ ихтирооти дорои аҳамияти ҷаҳонии хешро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа бонувони донишгоҳ сазовори 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.
- Ҳамасола ҳамкориҳои бурунмарзии донишгоҳ густариш меёбад. Ҳоло донишгоҳ бо 256 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, соли 2018 донишгоҳ бо 33 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишнома ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Бо ба роҳ мондани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишвари Ӯзбекистон шумораи донишгоҳҳои ҳамкори ДМТ зиёд гардида, соли 2018 бо 9 муассисаи таълимии ин ҳамсоякишвар созишнома ба тасвиб расонида шуд. Соли 2018 беш аз 124 донишҷӯ ва магистр бо мусоидат ва дастгирии раёсати донишгоҳ барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуданд. Аз ҷумла, дар доираи Созишномаи миёни ДМТ ва МТОК Беларус айни ҳол, беш аз 58 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар факултаҳои марбутаи ин донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, - қайд кард М. Имомзода.
Дар охир ректори донишгоҳ ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон ҷавобҳои машаххасу қаноатбахш дод.
Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр