Нашрияи Омӯзгор

Ватанамонро бештар обод намоем

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро барои Тоҷикистони азизамон соли таърихӣ номиданд. Ин сол барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳақиқатан ҳам соли бобарор ва пурфайзу баракат буд.

Паёми Пешвои миллат барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар  ва дар умум, барои солҳои минбаъда низ дақиқу мушаххас намуд.

Дар Паём муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ - шурӯъ аз қисмати ҳаёти дохилӣ то муносибатҳои манфиатноки тарафайн бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд, ёдрас гардид, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои шоён ба сомон расонида шуданд.

16 ноябри соли ҷорӣ ба истифода додани агрегати аввалини НБО-и Роғун аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро баъди пурра ба фаъолияти пардохтани ин неругоҳи азим тамоми соҳаҳои мамлакатро рушду нумӯи тоза касб намуда, Ватани маҳбубамон дар роҳи расидан ба ҳадафи олӣ, яъне ҷой гирифтан дар қатори кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ қадами устувор хоҳад гузошт.

Ин комёбии беназири бузург ҷомеаи Тоҷикистонро дилпур кард, ки бо неру ва ақлу заковат ва дасти худ агрегатҳои минбаъдаи неругоҳи «Роғун» ва корхонаҳои азими саноатиро сохта, ба ин васила сатҳи иқтисодиёт ва зиндагии мардумро зина ба зина баланд бардошта, диёри хешро боз ҳам сарсабзу ободтар гардонда метавонад.

Бовар ба қувваҳои бунёдкории худ ба наслҳои имрӯзу фардо идораву ҷасорат мебахшад, ки барои истифодаи оқилонаи сарватҳои диёри қӯҳсорамон ба корҳои самарабахши мондагор даст зада, Тоҷикистонро  ба мамлакати пуриқтидори саноатӣ табдил диҳанд.

Нуқтаи муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти кишвар ироа гардид, рушди саноат мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо он мамлакатҳое метавонанд муваффақ гарданд, ки саноати рушдкарда дошта, ниёзҳои худро аз он бароварда метавонанд.

Аз ин рӯ, дар Паём ба масъалаи саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки мо ҳар кори хубу манфиатбахшро барои беҳдошти рӯзгори халқу пешрафти диёри худ мекунем. Бе бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ ва коркарди ашёи хом дар хориҷи кишвар арзиши маҳсулотро арзон ва хазинаи мамлакатро ғанӣ гардондан ғайриимкон аст. Ин масъала бояд дар як даҳсола  роҳи пурраи ҳалли худро ёбад ва ашёи хом аввал коркард ва баъд содирот карда шавад, ки ин ба манфиати мамлакат аст.  Ба соҳибкороне, ки аз хориҷ дастгоҳҳои муосир ворид карда, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ саҳми ватандӯстона мегиранд, имтиёзҳо дода мешаванд. Воқеан ҳам, коркарди ашёи хом дар кишвар таъдоди коргоҳҳоро  зиёд намуда, мушкилоти бо ҷои кор таъмин кардани шаҳрвандонро ба тадриҷ аз байн мебарад.       

Сарвари давлат иброз намуданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаю технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз бунбаст раҳид ва ба бисёр мамлакатҳои минтақаву дур бештар робитаҳои дӯстӣ, тиҷоратӣ пайдо кард.

Таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат бо масъалаи  боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муҳимтарин нуктаҳои Паём  маҳсуб мешавад, ки дар ҷавҳари он тадбирҳои оянданигарона ва пайванди мустаҳкам бо амалкарди ҳадафҳои фардосоз қарор гирифтанд. Пешвои миллат бо ин мақсад ду муаммои аслии соҳаро ба таври зайл муқаррар намуданд: «Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».

Воқеан, мо ба ҳадафҳои наҷиби фардосоз ва татбиқи ин барномаҳои бузурги давлат дар сурате мушарраф мешавем, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯз омода намоем. Масъулияти тайёр кардани чунин мутахассисон, пеш аз ҳама, ба дӯши омӯзгори соҳибкасб, хирадманду мусаллаҳ бо тамоми донишҳои замони муосир дар ҳама зинаҳои таҳсилот вогузор аст. Роҳнамои Пешвои миллат масъулияти омӯзгоронро дар назди ҷомеа ва фардои миллат дучанд мегардонад, то бори дигар ба фаъолият ва корнамоиҳои хеш аз нигоҳи талаботи имрӯз  таҷдиди назар намуда, барои расидан ба ҳадафҳои фардоафрӯзи Тоҷикистон тамоми талошу кӯшиши хешро равона созанд.

Дар Паём омадааст: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад».

Воқеан ҳам, мактаб чун даргоҳи илму маърифат ва асоси камолоти инсон ба шумор меравад. Ҳукумати кишвар ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт беш аз пеш тадбирҳои муассир роҳандозӣ намуда истодааст.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, танҳо соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73000 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.

Бо таъкиди Пешвои миллат, дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

Масъалаи дигаре, ки мавриди интиқоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ мебошад. «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд», - таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат бори дигар ба мавқеи зан дар ҷомеа, саҳми модар дар сарфаву сариштакорӣ ва таълиму тарбияи хуби фарзанд ва нақши бонувон дар рушду ободии кишвар баҳои баланд доданд. Таъкид намуданд, ки роҳбарони коргоҳҳои хизматрасонӣ барои афзудани дастовардҳояшон ин табақаи ҷомеаро бояд бештар ба кор ҷалб намоянд, зеро инсофу адолати бонувон зиёдтар аст.

Иҷрои ин ва дигар дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳа саҳми назаррас гузошта, аз ҷумла, боиси боло рафтани сифати таълиму тарбия мегардад.                    

Бо мақсади вусъат бахшидани туризму ҳунармандӣ ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Умед аст, ки аз ин пешниҳоди ватандӯстона деҳаҳои кишварамон боз ҳам обод ва мардум шод хоҳад шуд.

Ба шарофати дастгирии Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ фазои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Аз ҷумла, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амаликунандаи кишвар ҷиҳати дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳа мусоидат намуд. Ҳамин буд, ки Тоҷикистон ба феҳрасти 10 давлати ислоҳотгари беҳтарини ҷаҳон дар соҳаи соҳибкорӣ дохил гардид. Дар рейтинги байналмилалии пешрафти соҳибкорӣ низ кишвари мо  чанд зина боло рафт.

Ҳамчунин, дар Паём ба масоили беҳдошти кори бахшҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани нафақаву идрорпулӣ, хизматрасонии тиббӣ, мукаммалтар гардидани қонунҳо, ҷоннок намудани мубориза ба муқабили коррупсия, гирифтани пеши роҳи интиқоли маводи мухаддир дахл карда шуд.

Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки мо бояд дар ҳама маврид зиракии сиёсиро аз даст надода, барои шукуфоии диёру мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоламон ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳон талош биварзем.

Пешвои миллат дар фароварди Паём маром ва мақсади аслии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба таври зайл муқаррар намуданд: «Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии хешро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бо нангу номуси ҷамеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем».

Паёми имсола як муждаи рӯ ба фардои дурахшон овардану як насими тозаи зиндагиро мемонад. Ҳамагон онро бояд васеъ биомӯзем ва дар меҳвари фаъолияти хеш қарор  бидиҳем.

 

Шодӣ САФАРОВ,

ректори ДТҶТ ба номи

С.Раҳимов, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш