Нашрияи Омӯзгор

Баррасии гузариш ба низоми таълими 12–сола

Сана: 2019-02-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

25 январи соли 2019 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак-ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонӣ оид ба таҳсил дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе семинар-машварати омӯзишиву таҳлилӣ оид ба гузариш ба низоми 12 - солаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Дар он Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Раҷабова – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лучиано Калестини – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ, шарикони рушд, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он иштирок доштанд.

Нуриддин Саид иброз намуд, ки дар замони муосир моро мебояд дар қатори давлатҳои пешрафта иқдомҳои шоистаро баҳри пешрафти соҳаи маориф пайгирӣ намоем. Яке аз чунин иқдомҳо гузаштани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба низоми 12 - солаи таълим мебошад. Барои гузариш ба низоми мазкур аллакай тадбирҳои заруриро андешидаем ва аз рӯйи нақшаи муқарраргардида амал хоҳем кард. Ҳамчунин, зимни суханронии масъулин иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ роҳҳои гузариш ба низоми 12-сола мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби масъулини вазорат, шарикони рушд ва дигар иштирокчиён пешниҳодҳои муфид ироа гардид.

 

Аҳмадшоҳи МАСЪУД,

мутахассиси

Маркази матбуоти

 Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш