Соли 2015 ба ман роҳбарии синфи 1 - ро супориданд. Дар байни хонандагон диққати маро духтараки гандумгуне, ки аз дигар хонандагон бо қиёфаи зоҳирии худ фарқ мекард, ба риққат овард. Ман аз ӯ бо меҳрубонӣ пурсидам:
-Духтарҷон, номат чист?
Духтарча аз ҷояш хесту бо садои ҳузнангез гуфт:
-Номи ман Манижа аст.
- Офарин духтарҷон, ин қадар номи зебо. Манижаҷон, ягон ҷоят дард мекунад? Чаро ҳамсинфонат хушҳоланду ту ғамгин ҳастӣ?
Манижа ба ман наздиктар омада, бо садои ҳазин:
- Муаллимаҷон, дилам бемор буд, нав ҷарроҳӣ карданд. Аз ҳамин сабаб чашмонам варам ва тамоми аъзои баданам дардманд аст. Ман модар надорам, падарам бошад, мо-фарзандонро партофта, аз пайи зиндагии худ рафтааст, - гуфт ва баъд аз чанд сония боз илова кард:
-Муаллимаҷон, ман падарамро чашми дидан надорам, зеро ӯ моро дӯст намедорад. Агар моро дӯст медошт, таркамон намекард. Вақте калон шавам, ҳатман аз ӯ қасос мегирам, ҷавоби ин бемеҳриҳояшро медиҳам...
Аз ин суханони Манижа ғамгин шудам, дилам барояш сӯхт. Модарвор сарашро сила намуда, ӯро ба оғӯш гирифта, дилбардорияш кардам:
-Духтарҷонам, агар хоҳӣ, ман ба ту ҳам модар ва ҳам падар мешавам. Ту бароям мисли духтарам мешавӣ, ҳамааш хуб мешавад.
Бо меҳрубонӣ духтараки аламдорро ба курсӣ нишонда, дарсро оғоз кардам. Ба аҳли синф як ҳикояи тарбиявиро хондам, ки писаре дар ҷавонӣ доною ҳавобаланд мешавад ва падари пирашро дар халта андохта, ба кӯҳе бурда мепартояд. Вақте ин писарак пир мешавад, писараш низ ӯро ба ҳамон ҷое, ки падари пирашро бурда партофта буд, мебарад. Кори чандин сол пеш кардааш ба хотираш меояду мегӯяд:
- Эй кош, ин корро намекардам.
Аммо дер шуда буд. Худаш низ дар ҳамон ҷо ҳалок мешавад.
Вақте ки ин ҳикояро ба шогирдонам нақл кардам, Манижа аз ҷояш хесту гуфт:
- Муаллимаҷон, ман дигар аз падарам қасос намегирам. Хонда табиб мешавам ва агар падарам бемор шавад, ӯро табобат мекунам.
Маълум гардид, ки Манижа аз шунидани ин ҳикоя хулосаи хубе баровардааст.
Зебуннисо Саидова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр