Ненси Блери 54-сола дар яке аз кӯдакистонҳои Мейсон-Сити (ИМА) ҳамчун мураббӣ фаъолият мекунад. Ба таълимгирандагонаш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, мекӯшад аз ҳолу аҳволашон пайваста огоҳ бошад. Боре ӯ эҳсос кард, ки яке аз дастпарваронаш-Кэмдени 4-сола рафтори ғайриодӣ дорад ва ҳузн дар чашмонаш лона кардааст. Ҳангоми суҳбат бо Кэмден фаҳмид, ки дар оилаашон нохушие рух додааст. Падари писарча ба бемории гурда гирифтор шудааст. Баъди ҳар як давраи табобатӣ аҳволи падараш бадтар мешуд. Кэмден аз ин ҳол бисёр ғамгин гашта, ранҷ мекашид. Фикр мекард, ки имрӯз охирин дидор аст бо падараш. Духтурон мегуфтанд, ки Даррелд бояд гурдаҳояшро иваз намояд, аммо ёфтани донор кори саҳл набуд.
Мураббии Кэмден Ненси ба хулосае омад, ки бояд ба ин хонавода кумак намояд, бинобар ин, эълон кард, ки яке аз гурдаҳояшро ба падари шогирдаш ройгон мебахшад.
- Ҳолати рӯҳии Кэмден бисёр вазнин буд, ӯ хеле ғам мехӯрд ва ин ҳол маро бетараф гузошта наметавонист. Хайрият, ки гурдаи ман бо организми падари Кэмден мувофиқат кард ва мушкилие пеш наомад, - мегӯяд мураббӣ.
- Ин боваркарданӣ нест. Одамон солҳо навбат мепоянд, то узвҳои донорӣ дарёфт кунанд. Орзу мекунам, ки сафи чунин инсонҳои хайрхоҳ зиёд шавад. Ненси ба ман умри дубора бахшид, - бо хушҳолӣ изҳор дошт падари Кэмден.
Дар ин рухдод аз ҳама бештар Кэмден эҳсоси хушбахтӣ мекунад, зеро мураббияш падарашро аз марг наҷот дод.
Даррелд бо писараш Кэмден ба Ненси гулдастаи бузурге туҳфа оварда, ба мураббии ҳаётбахш изҳори миннатдорӣ карданд.
Таҳияи Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр