Нашрияи Омӯзгор

Се ҷанбаи барҷастаи шеър

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

Шеъри Бозор Собирро се ҷанбаи мавзӯӣ мумтоз намудаанд. Аввал чизе, ки шеъри ӯро неру бахшидааст, рӯҳияи миллии шеърҳои ӯ мебошад. Бозор Собир, аслан, шоири ватанпарвар аст. Ифтихори миллии ӯ, ки дар шеърҳояш шоирона зуҳур кардааст, хонандаро зуд фаро мегирад.

Ин ифтихор дар партави таърихи гарону хунин,  шахсиятҳои бузурги гузаштаи  миллат, суннату оинҳои баланди халқӣ ба ҷавлон меояд. Бозор Собир ба муқаддасоти миллии халқи худ арҷгузории баланд дорад. Ҳар шеъре, ки ӯ бо ифтихори миллӣ навиштааст, мумтоз аст. Шеъри «Забони модарӣ» падидаи тозае дар адабиёти мо буда, дар ҳадди  савганди миллӣ садо дода, зуд  ба парчами ҳаводорони забони тоҷикӣ табдил ёфт.

Дар он рӯзгор ҳар як шеъри нави ватандӯстона ва таърихии Бозор падидае тоза ва намунаи барҷастаи шеъри навини мо гардид, ки ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ мекард. Агар шеъри «Теғи Сино» ва чандин шеъри таърихиву бахшида ба шахсиятҳои таърихии ӯ парчами ифтихор аз илму фарҳанги гузаштагон, рӯ овардан ба меҳроби асолати миллии мо бошанд, шеърҳои «Муҷассамаи Айнӣ», «Китоби «Тоҷикон» он гузаштаи пурифтихорро бо имрӯзи тоҷикон пайванди қавӣ мебахшанд. Шеъри «Тоҷикистон» қасами садоқат ва қадршиносии Ватан ва ҳар зарра хоки муқаддаси он аст. Аслан, ҳар шеъре, ки Бозор дар мавзӯи Ватан ва ватандорӣ навиштааст, падидаи тоза дар шеъри навини мо гардидааст, зеро дар онҳо тозагии мазмун, баён ва тасвирҳои шоирона, ки ҳадафҳои баланди миллӣ доранд, пайгирӣ мешаванд. Беҳуда набуд, ки ин шеърҳо дар баробари интишор ёфтанашон вирди забонҳо гардиданд, зеро дар онҳо рӯҳияву армони миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, созгор бо дилу эҳсоси мардум ба қалам омадаанд.

Илова ба  пайгирӣ аз ғояҳои баланде, ки дар ин марҳилаи таърихии  зиндагии халқи мо бисёр муҳим  ва тақдирсозанд, он чи ҷанбаи ватандӯстии шеъри Бозорро  неру мебахшад, худи ҳамин муҳаббати Ватан аст, ки дар шеъри Бозор, дар тасвири ҳар гулу сабза ва хасу хори Ватан шоирона ба навор омадааст. Аз ҳар тасвири бахшида ба деҳот, муҳити хонаи модар, табиати кӯҳистон, накҳати муҳаббати шоир омехта бо накҳати табиати диёр ба машом мерасад.

Ҷанбаи дуюми мавзӯиеро, ки шеъри Бозоррро мумтоз гардонидаанд, мо метавонем дар шеърҳои ишқии шоир пайдо кунем. Воқеан, симои зан, симои модар ё маъшуқа дар шеъри Бозор мисли обшори зулол поку мусаффост. Метавон гуфт, ки барои Бозор симои зан дар радифи дигар муқаддасоти зиндагист. Яъне зиндагӣ барои Бозор аслан се муқаддасот дорад:  якум - Ватан; дуюм, зан - модар, ки ҳамчун рамзи покӣ сарчашмаи муҳаббат ва зиндагист ва сеюм - сухан - шеър, ки рӯҳи инсон бе он арзиш надорад.Чунин хулосаи  банда ҳам натиҷаи мутолиаи ашъори худи ӯ ва ҳам бардоште аз суҳбатҳоест, ки аз ӯ дар мавриди ин мавзӯъ  шунидаам. Бозор Собир назар ва муносибати хонандаро нисбат ба зан, ки дар байни мардуми мо, бо ҳама арҷгузориҳое, ки ба модар доранд, нобаробар буд, дигар намуд. Баробарии зану мардро шоире чун ӯ шоирона насурудааст:

Ту ними ними манӣ, ними

ҷисму ҷони  манӣ,

Ва зарра-зарра ту пайванди

 ҷовидони манӣ...

***   

Ба ҳар куҷо, ки равам,

 нимаи танам бе ту,

Ба ҳар куҷо, ки равам,

ними одамам бе ту...

Вежагии асосии эҷодиёти Бозор Собир, таҳаввулоте, ки ӯ дар шеъри муосири мо ба амал овардааст, дар тозагӯӣ, тозабаёнӣ, навовариҳои шоиронаи ӯст. Дар саросари шеъри Бозор шумо ҳаргиз як ибораи обшуста ё тарзи маъмулии пешинаи суханрониро намеёбед. Ӯ шояд кам навишт, аммо ҳарчи навишт, кӯшиш кард, ки  баёну забони тоза дошта бошад ва ба ин муваффақ шуд.

Шумо саросари адабиёти гузашта ва муосири оламро хонед, наметавонед шабеҳи ин тасвирҳои шоиронаи Бозорро ёбед. Ин тасвирҳо бозёфти Бозор, балки кашфиётҳои шоиронаи ӯ дар бунёд ва тасвири шоиронаи симои зананд.Оё чашми занона доштани чашмае, ки чашм мезанад ва ё сурхида то ба гардан шарми занона доштани кӯҳи лолагарданро кӣ пеш аз ин мушоҳида кардаву чунин шоирона ба қалам кашида буд? Ва ё зангӯлазанон гузаштани борон, монанди занон гузаштани боронро  кӣ тасвир ва тасаввур мекард? Инҳо наванд, тозаанд ва чунин тозагиҳо дар ашъори Бозор Собир хеле зиёданд, балки дар ҳар шеъри ӯ падид омадаанд.

Оё кӣ тавонистааст арӯсу домодро дар бари ҳамдигар дар шаби арӯсӣ чунин шоирона тасвири ғайричашмдошт, ба кулли нави шоирона бахшад:

Имшаб натанҳо бо ту ман

зону ба зонуям,

Рӯида аз бозуи ту ин ҳарду

бозуям,

Ин шаб ту аз ман рустаӣ,

ман аз ту мерӯям,

Дарё манам, дарё туӣ,

олам ҳама об аст,

Ошиқ манам, ошиқ туӣ,

ду дида бехоб аст.

Вежагии сеюми мавзӯии шеъри Бозорро метавон дар шеърҳои бахшида ба қалам, сухан ва шеъру шоирӣ дарёфт. Бозор дар шеърҳои бахшида ба қалам ва шеъру шоирӣ ба суоли чӣ будани шеър ва кӣ будани шоир ҷавобҳои қотеъона ва раднопазир медиҳад. Масалан, дар шеъри «Шоиру шеъре агар ҳаст», ки худ савганди шоирист, чӣ будани шеър, чӣ гуна шеър гуфтан ва вежагиҳои асосии шеър ва суханвар хеле барҷаставу шоирона таҷассум ёфтаанд. Шумо то ҷое чӣ арзиш доштани шеър ва чӣ заҳмат кашидани шоирро дарк мекунед, вақте мехонед, ки: шоир «дар сари ҳар байт, ҳамчун дар сари гаҳворае чун зани навзод» ё «дар сари ҳар байт, ҳамчун дар сари пайроҳае» мисли «маҳбуси навозод»аст.

Ё ин манзара:  

Шоире, к-аз синааш ҳар

нуктаро

Меканад чун маъдане аз кон,

Балки ҳамчун порае аз ҷон,

Мисли маҳбусе, ки дар

талвосаи ҷонканданаш

Меканад девори маҳбасро

 ба дандон...

Бозор Собир сарҳади нави меҳани моро ихтироъ кард, онро сарҳади забон донист ва бо ин  сарҳади Тоҷикистони кӯчаки моро ба чандин маротиб фарохтар сохт, вақте гуфт:

Дар ҳаду сарҳадшиносии

ҷаҳон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик

аст.

То забон дорад, ватандор

аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Ҳасрат

 

Аз рафтани ӯ сол нашуд, моҳ гузаштаст,

Эй ёд, ба ёдам нарасон, воҳ, гузаштаст?!

Умри ӯ ба ҳаштод расам ё нарасам гуфт,

Эй вой, ки дар нимаи ин роҳ гузаштаст.

Бозори суханро ҳама дар зори суханҳош

Аз ин ҳама огаҳ буду ногоҳ гузаштаст.

Шоҳаншаҳи шеъри Ватану ишқи Ватан буд,

Фарзанди Ватан, шахси ватанхоҳ гузаштаст.

Аз хиргаҳи софи Ватанаш рафт ба ғурбат,

Дур аз Ватану софии хиргоҳ гузаштаст.

Дар пуштаи сабзи Ватанаш сабза дамидаст,

Аз пушти сари марқади ӯ коҳ гузаштаст.

Боре, ки ба вазни суханаш дар дили ӯ рафт,

Бо ҳар нафаси хоҳари арвоҳ гузаштаст.

Шахсияти таърих буду шоири миллат,

Барҷастатарин шахси худогоҳ гузаштаст.

Гуфтему ғиревида гиристем ба ҳасрат,

Аз синаи мо валвалаи оҳ гузаштаст.

Ҷӯрабек МУМИН


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш