Нашрияи Омӯзгор

Баракати умр

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Ӯро ба мактаб даъват кардаанд. Бе сабаб не, албатта. Охир, вай омӯзгори собиқадорест, ки таҷрибаи педагогияшро то ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия  муаллимон меомӯзанд ва ба таври васеъ истифода мебаранд. Наберааш Фарҳод дирӯз пайғом расонд, ки маъмурияти мактаб ба муносибати 80-солагии бобояш ҷамъомади тантанавӣ баргузор мекардаанд ва ӯ, ки соҳибҷашн аст, дар ин тантанаи бошукӯҳ иштирок ва суханронӣ мекунад.

Ҳа – а, ба як сухан – гули сари сабади ҳамоиш. Амаки Асадуллоро хушҳолию нишоте фаро гирифт ва ба наберааш, ки дар мактаби деҳа омӯзгор аст, таъкид кард, ки миннатдории ӯро ба сарвари таълимгоҳ бирасонад. Пас-он чашм ба даъватнома дӯхт. Аз ин арҷгузорию қадрдонии ҳамкасбон сараш ба осмон расида, ба баҳри хаёлот ғарқ гардид. Вай дар он хусус фикр кард, ки фардо ба омӯзгорону хонандагон аз кадом лаҳзаҳои кору зиндагиаш ҳикоят мекунад. Пагоҳӣ бошад, худи директори мактаб ба хонааш омада, ба ҷамъомад ҳозир шуданашро сидқан хоҳиш кард.

- Шумо обрӯву ифтихори ҳамдеҳагон ва омӯзгорон мебошед, - гуфт самимона сарвари таълимгоҳ ва афзуд, ки дар қаламрави ноҳияи Кушониён ва вилояти Хатлон шуморо ҳамчун омӯзгори соҳибмактаб  мешиносанду ҳурмат мекунанд. Ҷашни зодрӯзатон ҷашни аҳли маориф аст…

 

Бе муҳобо, омӯзгори собиқадор амаки Асадулло Қурбонов солиёни тӯлонӣ ба хонандагони  мактаби зодгоҳаш аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дарс дода, дар тарбияву ба камол расонидани шогирдони донишманд ва соҳибкасб заҳмати  фаровон кашидааст. Сабку шеваҳои таълимие, ки вай дар раванди машғулиятҳояш аз он истифода мекард, баёнгари он аст, ки то чӣ андоза дар ҷодаи омӯзгорӣ комёбу соҳибтаҷриба гардидааст.

Намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва раёсати маорифи вилоят ба дарсҳояш ворид гардида, ӯро ҳамчун омӯзгори донишманд ва дорои сабку шеваи хоси таълимии худ донистанд. Ва омӯзгори пуркор  дар суҳбату ҳамоишҳо ба муаллимони ҷавон маслиҳат медод, ки дар ихтиёри омӯзгор хонандагон қарор доранд ва ҳар яке аз онҳо соҳиби сарнавишти хоси худ ҳастанд. Тақдири ояндаи ин шогирдон чӣ тавр сурат мегиранд, аз мову шумо вобаста аст. Мазмун, кори таълиму тарбияро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд саҳлу сода пиндошт. Тарбият ва ба камол расонидани шогирдони созанда, ватандӯст ва содиқ ба ормонҳои миллӣ амали бардавому якумрии омӯзгорону устодон аст. Мегуфт, ки пешаи омӯзгорӣ зоҳиран хоксорона ба чашм мерасад, вале дар ҷомеа яке аз корҳои бузургтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз пешаи омӯзгорӣ ифтихор бояд кард. Аз ҳакими Юнони қадим Афлотун сухан дар миён меовард, ки «агар кашфдӯз устои бад бошад, давлат он қадар зарари зиёд намебинад, шаҳрвандон як дараҷа бадтар мепӯшанд, аммо агар, мураббии кӯдакон вазифаи худро бад иҷро кунад, дар мамлакат як насли  томи ҷоҳилу бадахлоқ пайдо мешавад».  Рисолати омӯзгор дар марҳалаи нав, яъне замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон куллан дигар аст. Нахуст, вай ҳамчун мубаллиғи сиёсати ҳукумат ва давлати соҳибистиқлоламон ба самъи хонандагон тасаввуроти илми муосирро дар бораи воқеаҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза бояд расонад. Саъй намояд, ки шогирдонаш соҳиби тафаккури интеллектуалию эҷодӣ ва дар рушди тараққии ҷомеаи навин саҳмгузор бошанд. Маърифатманду навовар ва ташаббускор будан аз сифатҳои дигари шоистаи омӯзгор ба шумор меравад. Ба таъкиди устод,  омӯзгор дар ҷомеа шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаро тарбия намуда, ба камол мерасонад. Вай шогирдонро тавъам бо таъриху фарҳанги гузаштаи пурғановати ниёгонамон ба тамаддуни тараққикардаи умумиҷаҳонӣ ошно намуда, дар айни замон ба ояндаи дурахшони ин насли созанда асос мегузорад. Устод Асадулло Қурбонов ба солмандии хеш нигоҳ накарда, ҳамеша дар байни мардум аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, ғояҳои бунёдкорона ва гуманистии давлатро тарғибу ташвиқ мекунад. Ӯ дар он ақида аст, ки ҳаёт мутассил дар назди омӯзгор талаботу вазифаҳои нав ба навро мегузорад. Ва омӯзгор дар навбати худ танҳо ҳамон вақт ин вазифаю масъулиятро бо сари баланд иҷро карда метавонад, ки агар дар байни мардум буда, дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок варзад ва масъалаҳои ба миён омадаро дар вақташ ҳаллу фасл намояд.

- Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф устодону омӯзгоронро водор менамояд, ки тамоми неруи зеҳнии  худро барои беҳбуд бахшидан ба сифати таълиму тарбия, истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар таълим тавассути  васоити техникии замони муосир дар раванди таҳсилот, тайёру омода намудани мутахассисони варзидаи дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи замон посухгӯ равона созанд, - мегӯяд устод Асадулло Қурбонов.

…Аълочии маорифи То-ҷикистон, устод Асадулло Қурбонов дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар мактаби зодгоҳаш ба муносибати 80-солагии зодрӯзаш барпо гардид, иштирок намуд ва ба чеҳраи шукуфои шогирдонаш нигариста, аз суханони меҳромезу самимонаи омӯзгорон ва хонандагони мактаб рӯҳу тавони тоза гирифт ва намедонист, ки шодию хурсандии беинтиҳои қалбашро чӣ тавр ба онҳо изҳор намоянд.

Оре, бахту саодати омӯзгор дар ҳамин аст, дар арҷгузорию қадрдонии омӯзгорону шогирдон. Бахти баланд, безавол!

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш