Олими шинохта, модари мушфиқу меҳрубон, донишманди варзидаи тоҷик, доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, мушовири илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мукаррама Қосимова аз зумраи он модарони номварест, ки дар тӯли ҳаёти бобаракати хеш тавонистааст, ки фарзандони барӯмандеро тарбия намояд ва шогирдони зиёдеро дар ҷодаи илму таълим ба камол бирасонад.
Зиёда аз шаст сол аст, ки дар донишгоҳ фаъолият дорад. Дар ин муддат дар баробари таълифи китобҳои илмию таълимии бунёдӣ бо донишу заковати олимонаю модаронаи худ тавонистааст, ки шогирдони зиёдеро дар атрофи худ муттаҳид намояд ва баҳри ҳалли масоили гуногуни илми забоншиносӣ онҳоро роҳнамоӣ кунад. Муаллимаи азизи мо ҳангоми фаъолияти омӯзгорияш ба зеҳну заковат, андешаронию таҳлилҳо ва навиштаҳои шогирдонаш таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Ҳамеша ҷӯёи донишҷӯи боистеъдод буд. Чун дар сиришти шогирде ин падидаҳоро кашф мекард, бо муносибати волои омӯзгорона ва меҳру шафқати модаронаи худ ӯро барои идомаи корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб менамуд. Маҳз ҳамин хислати ғамхоронаи эшон нисбат ба илми забон ва арҷу эҳтиром гузоштан ба донишу заковати шогирдон боиси он гардид, ки беш аз панҷоҳ шогирд зери роҳбарии М.Қосимова рисолаҳои илмии худро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои филология дифоъ намоянд.
Хидматҳои М.Қосимова дар ҷомеаи муосир ва рушди илму маорифи кишвар беназир аст. Таълифи китобҳои дарсии «Хат ва имлои матни классикии тоҷик» ва «Таърихи забони адабии тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) ва соири таълифоти илмияш барои дӯстдорони осори ҳазорсолаи тоҷик беҳтарин роҳнамои таълимию илмӣ ба шумор меравад. Баъд аз он ки кишвари мо Истиқлолияти давлатӣ касб намуд, М.Қосимова ба ҳайси донишманди дурандешу заковатманд хеле хуб дарк кард, ки таҳлилу тадқиқи масоили таърихи забони тоҷикӣ дар замони нав барои миллати тоҷик хеле муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз тавассути пажӯҳиши осори қадимии забон собит метавон сохт, ки миллати тоҷик, аз миллатҳои фарҳангӣ ва мутамаддини олам аст. Дар ин ҷода ӯ тадқиқоти боарзише доир ба забони осори ниёгон чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигаронро таълиф кардааст. Ҳамчунин, аксари шогирдонашро низ барои тадқиқи забони осори ниёгон раҳнамун сохт, зеро ӯ хуб медонист, ки бе надонистани решаи ҳар як унсури овозиву луғавӣ моҳияти онро дарк кардан нашояд.
Шогирдони мактаби илмии профессор М.Қосимова доир ба вижагиҳои забонии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, осори Анварӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳуҷвирӣ, Саноӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Восифӣ, Сайидо, Соиби Табрезӣ, Туғрал ва Лоиқро мавриди тадқиқу пажӯҳиш қарор додаанд.
Яке аз комёбиҳои муҳим ва назарраси ӯ дар самти кор бо шогирдон он аст, ки эшон аз ҳар як шогирд дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод кардани рисолаи илмиро талаб менамояд.
Маҳз бо чунин хислатҳои нек муаллимаи азизи мо дар байни шогирдон ба ҳайси модару раҳбару сарвари ғамхору меҳрубон шинохта шудааст.
Профессор М.Қосимова дар тӯли фаъолияти илмию таълимии худ дар донишгоҳ дар вазифаҳои декани факултаи филологияи тоҷик, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, мудири кафедраи таърихи забон ва типология кор карда, солҳои тӯлонӣ раисии Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Профессор Мукаррама Қосимова дар ин рӯзҳо ҳаштоду панҷумин солгарди умри бобаракати хешро дар ҳалқаи фарзандону пайвандон ва дӯстону шогирдон истиқбол менамояд. Мо, шогирдон бонуи азизу меҳрубон, роҳбари мушфиқу ғамхори хешро самимонаю содиқона табрик гуфта, аз Офаридгори бузург умеди саломатӣ, рӯзгори босаодат ва умри бобаракату бардавоми ӯро таманно намуда, аз номи Мавлоно Балхӣ гуфтанием:
Ҳар ҷо ки ту рӯ орӣ, дар пеши
ту гул рӯяд,
Ҳар ҷо ки равӣ, оӣ, фаршат
ҳама зар бодо!
А.ҲАСАНОВ,
доктори илмҳои филология,
профессор, мудири кафедраи
забони тоҷикии ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров,
С. Собирҷонов,
дотсенти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон,
М.САЛОМОВ,
дотсенти кафедраи таърихи
забон ва типологияи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр