Нашрияи Омӯзгор

Сухандону оқил бояд буд

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар тарбия муҳимтарин масъала одоби сухан гуфтану такаллум намудани хонандагон дар хона, мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, одоби сухан ва муоширату муносибати дурусти шогирдон аз вазифаҳои аввалиндараҷаест, ки дар назди мактабу омӯзгор меистад. Баррасии масъалаи мазкур, махсусан, дар машғулиятҳои тарбиявӣ хеле бамаврид мебошад. Ба хонандагон такрор ба такрор бояд таъкид кард, ки сухану калом ва тарзи баён шевою фасеҳ буда, сухангӯй доимо саъй намояд, ки бо ҳарфҳои дағалу бемаънии худ хотири касеро озурда насозад.

Қабл аз он ки шахс суханеро бар забон меорад, бояд пушту паҳлуи онро амиқ бисанҷад, дар гуфтор шитоб накунад. Дар байни халқ мақоли маълуму машҳурест: «Аввал андеша, баъд гуфтор». Сухан метавонад созанда бошад ё сӯзанда, ки ин аз мақсаду нияти гӯянда равшан мегардад. Фозиле ба ҳамин маънӣ гуфтааст, ки сухан заҳру позаҳру сард асту гарм. Хонандаро тавре бояд тарбия кард, ки забонашро бо гуфтори дағалу қабеҳ, дашному ҳакорат одат накунонад. Беҳуда  сухан нагӯяд. Гапҳои бемаънӣ ва сафсаттаро ба забон наорад. Хомӯшӣ беҳтарин хислати инсонист. Аммо Саъдии бузургвор дар «Гулистон» ду чизро тираи ақл ҳисобидааст: дам фурӯ бастан ба вақти сухан гуфтан ва сухан гуфтан ба ҳангоме, ки зарурат надорад. Айбу иллати суханро бузургон дар дарозии он дидаанд. Дар ҳадиси  набавӣ низ омадааст, ки «айби сухан дарозии он аст». Аз ин рӯ, ба шогирдон тавзеҳ додан аз фоида холӣ нест, ки кам сухан гӯянду дақиқу пухта гӯянд.

Шоиста Саидова,

омӯзгори мактаби №69,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш