Устод Мансур Нуъмонов хатмкардаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад. Фаъолияти омӯзгорию илмиаш низ дар ҳамин донишгоҳ оғоз ёфту то имрӯз идома дорад. Дар ин миён аз ассистенти кафедраи методикаи таълими математика то ба дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон расид.
Азбаски он замон дар Тоҷикистон Шӯрои дифоъ оид ба методикаи таълими математика вуҷуд надошт, олими ҷавонро лозим омад, ки озими шаҳри Москва гардад ва соли 1986 дар собиқ Институти педагогии ба номи В. И. Ленини шаҳри Москва рисолаи номзадӣ дифоъ намояд. Ва баъдтар соли 2000 Мансур Нуъмонов дар Москва дар мавзӯи «Асосҳои назариявию методологии таълими математика ҳамчун илм» рисолаи докторӣ дифоъ кард. Ба хотири ин ки то чӣ андоза муҳим будани таҳқиқоти анҷомдодаи М. Нуъмонов рӯшан гардад, чанд порчаеро аз навиштаи муқарризони рисолаи доктории ӯ меорем:
«М.Нуъмонов аввалин муҳақ-қиқест, ки назарияи (консепсияи) методикаи таълими математикаро чун соҳаи мустақили илм бо назариёти методологии хеш асос гузошт ва пешниҳод кард». (Сарансев Г.И. – узви вобастаи Академияи таҳсилоти Россия).
«Сазовори таҳсин аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба ҳалли чунин як масъалаи мураккаб камар бастааст. Дар ин кор олимони соҳаи методикаи марказҳои бузург (ман олимони москвагию петроградиро дар назар дорам) ҷуръат накардаанд». (Колягин Ю.М. - академики Академияи таҳсилоти Россия, шаҳри Москва).
«Мансур Нуъмоновро дар илми соҳаи мо кайҳо боз мешиносанд. Ӯ, ба андешаи ман, поягузори парадигмаи нав дар методика, бахусус, дар методикаи таълими математика маҳсуб мегардад» (Крупич В. И. - профессор, шаҳри Москва).
М.Нуъмонов аз оғози фаъолияти таҳқиқотиаш танҳо ба масъалаи таълими математика машғул гашта, дар робита ба он оид ба пайдарпайии курсҳои математикаи синфҳои 6-8 ва 9-10 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм, сохтори методии таълими фалсафа ва методологияи таҳсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитаҳои байнифаннӣ, масоили муосири дидактика, психологияи омӯзиши математика асарҳои таҳқиқотӣ таҳия ва таълиф кардааст. Ба қалами ӯ беш аз 650 номгӯй рисолаю дастурҳои методӣ, стандарти фаннию барномаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмию методӣ тааллуқ доранд. Ногуфта намонад, ки мақолаҳои М. Нуъмонов дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расидаанд. Маҷмӯи асарҳои илмии ӯро 7 монография, 8 барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 18 барномаи таълими математика барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 2 барномаи таълимӣ барои коллеҷҳои омӯзгорӣ, 89 дастури методию маводи таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Устод М.Нуъмонов донандаи хуби забонҳои русию олмонӣ ва ӯзбекӣ мебошад. Ин имкон фароҳам оварда, ки дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат намояд ва бо маърӯзаҳо баромад кунад. Устод дар беш аз 22 симпозиуму конфронси илмии байналмилалӣ дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон иштирок ва суханронӣ кардааст. Ҳар як маърӯзаи М. Нуъмоновро иштирокдорон басо хуб мепазируфтанд.
М.Нуъмонов омӯзгори мумтоз ҳам ҳаст. Ӯ масъалаҳои илмии математика ва усули таълими онро чунон шарҳ медиҳад, ки донишҷӯён пурра қаноатманд мешаванд.
Устод дар кори тайёр кардани неруҳои илмии соҳаи таълими математика саҳми босазо дорад. Таҳти роҳбарии ӯ беш аз 35 аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд, ки дар қатори онҳо шаҳрвандони кишварҳои дуру наздик ҳам ҳастанд. Айни ҳол таҳти роҳбарии М. Нуъмонов 3 нафар рисолаи докторӣ ва 21 нафар рисолаи номзадӣ таълиф мекунанд.
Бо ташаббуси М. Нуъмонов дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ Шӯрои дифоъ оид ба методикаи таълими математика ифтитоҳ гардид.
Имрӯзҳо устод М.Нуъмонов ба ҳайси профессори кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ оид ба ихтисосҳои педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот ва назария ва методикаи таълими математикаи назди ДДОТ, сармутахассиси шуъбаи педагогикаи муқоисавӣ ва мактаби муосири Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дорад.
Устоди маъруф ва азизу арҷмандро ба муносибати 70 – солагиашон табрик мегӯем ва барояшон саломатии бардавом, комёбиҳои навини илмӣ ва фатҳи қуллаҳои тозаи умрро таманно дорем.
Ғ. БОБИЗОДА,
президенти Академияи таҳсилоти
Тоҷикистон, академик,
С. АМИНОВ,
узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
А. РАЗЗОҚОВ,
мудири кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ
ба номи С. Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр