Нашрияи Омӯзгор

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Яке аз паҳлуҳои  муҳими фаъолияти омӯзгор дар мактаб мусоидат ба тарбияи ҳаматарафаю ҷиддии хонандагон мебошад.

Махсусан, дар замони мо, замоне, ки  муҳити ҳамагонро иттилооту ҳодисоти гуногуну пурихтилоф фаро гирифтаасту зиддиятҳои  ғоявӣ дар арсаи ҷаҳон рӯз то рӯз  шиддат мегиранд, тарбияи насли наврас ҳар чӣ  бештар аҳамият пайдо мекунад. Барои дар ҷаҳони муосир  озодонаву шоиста ва садоқатмандона зистан, муҳимтар аз ҳама, бояд дониш омӯхту аз банди ҷаҳолат  бираст ва доираи  ҷаҳонбинии  хешро васеъ намуд.

Омӯзиш аз манбаъҳои  гуногун, шунидану тамошо кардани барномаҳои  сиёсиву  тавзеҳӣ ва фарҳангии  радиою телевизион ва мутолиаи  пайвастаи  рӯзномаву  маҷаллаву китобҳо ба худогоҳу ҳушёру рострав шудани шахс мусоидат  мекунанд. Дар тарбияи дурусту  фарогири насли  наврас, албатта, омӯзгор ва роҳбари  синф нақши барҷаста доранд. Масъулини таълиму тарбия бояд аз нозукиҳои  илмҳои  педагогикаю психология хеле хуб огоҳ бошанд ва дар асоси ин ҳар як хонандаро аз ҳар ҷиҳат (одоб, рафтор, гуфтор, одатҳо, майлу  рағбатҳо, қобилияти психикӣ, фаҳму идрок, муносибат бо атрофиён, вазъи оилавӣ, давомот…)  омӯзанд ва бо дарназардошти ин ҳама бо ӯ муносибат намоянд. Илмҳои мазкур, ки дар ҷараёни таълиму тарбия мавқеи муҳим доранд, батадриҷ рушд меёбанд, мукаммал ва дақиқтар мешаванд ва барои  фаъолияти  ҳадафгири  омӯзгорон имконоти  бештаре фароҳам  меоваранд. Ҳоло мувофиқи  талаботи «Қонун дар бораи  маориф» дар муассисаҳои таълимӣ  корманди махсус – равоншинос фаъолият дорад ва бо  омӯзгорону роҳбарони синфҳо дар таълиму  тарбияи  шоистаи  насли нав-рас ва гиреҳкушоии ҳама гуна муаммоҳои марбут  ба рафтору  кирдору  таҳсили  шогирдон ҳамкорӣ менамоянд.

Омӯзгорони фаъолу  соҳиб-таҷриба танҳо бо имконоту  доираи  дарсҳои  ҳамарӯза  маҳдуд нашуда,  барои  тарбияи дурусту мукаммали хонандагон аз дигар воситаҳои гуногун ва таъсиргузору самаровар низ васеъ истифода мебаранд.

Дар ин самт, албатта, дарсҳои  тарбиявӣ воситаи  дорои имконоти васеанд. Бояд ба дарси  тарбиявӣ  вобаста ба рӯҳияи аҳли  синф, дар ҳошияи  воқеияти рӯз ва марбут ба муҳимтарин омилҳои  ташаккули  маънавии кӯдакон мавзӯъ интихоб кард. Баъзан як ҳодисаи  номатлуб ё рафтори  хонандае ва ё ҳодисаи сатҳи ҷаҳоние метавонад ба нақшаи  дарсҳои  тарбиявии  омӯзгор тағйирот ворид созад. Ин дуруст аст, зеро хонандагон зуд бояд ба моҳият ва сабаби  ин ё он  воқеа сарфаҳм раванд, онро маҳкум ё тарафдорӣ  кунанд.

Дар сурати маъмулӣ дарсҳои тарбиявӣ чун анъана ба мавзӯъҳои  Ватан ва ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат, илму дониш, одоби ҳамида, хушрафторию некусуханӣ, эҳтироми устодону волидон, калонсолон, арҷгузоррӣ ба муқаддасоти миллӣ, мазаммати  ахлоқи ношоиста, баррасии навгониҳои сиёсиву иҷтимоӣ… бахшида мешаванд.

Дар ҳар сурат тарбияи комилу пурсамари шогирдон бояд ҳамеша дар мадди назари тамоми омӯзгорон бошад.

Гулнора АМИНОВА,

омӯзгори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш