Мактаб ҷаҳони таълиму тарбия аст ва ин ҷо илова ба машғулияти асосии хонандагон – дарсҳо чорабиниҳои зиёду гуногуне бо ҳадафи ташаккули маънавию ҷисмонии насли наврас ҳамарӯза баргузор карда мешаванд.
Ҳадаф аз мактабхонии шогирдон танҳо бо маҷмӯи муайяни донишҳо мусаллаҳ шудан нест, балки онҳоро ҳамчун афроди хушкирдору некгуфтор, боодобу худогоҳ ба воя расонидан, аз таъсири афкору тарғиботи ифротгароён, ҳидояту фиреби созмону ҳаракатҳои тахрибкор эмин нигоҳ доштан аст. Замоне дар тамоми мактабҳои кишвар ҳар субҳ пеш аз оғози дарсҳо дар доираи 10-15 дақиқа ҳамоише бо номи ахбори сиёсӣ баргузор карда мешуд. Дар он нафаре аз омӯзгорон ва ё яке аз хонандагони фаъол (бо омодагии пешакӣ) ба аҳли таълимгоҳ оид ба ҳодисаву рухдодҳои навини сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон маълумот ироа мекарданд. Дар кадом давлат чӣ ҳодисаи ҷиддӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва он чӣ моҳиятеро дорост? Шахсиятҳо ва раҳбарони машҳури олам ба чӣ иқдомоти тозае даст заданд? Даргириҳо дар фалон мамлакатро ҳадаф чист? Чаро дар ҷаҳон зуд – зуд ихтилофоту задухӯрдҳо ба вуқӯъ мепайванданд?
Ба ин гуна саволҳои муҳим хонандагон бо иштирок дар ҳамоиши ахбори сиёсӣ посух меёбанд. Мо дар замони хеле мураккабу пурҳаводис зиндагӣ дорем. Мухолифати ғояҳо ва манфиатҳо метавонанд фоҷеаҳои зиёд ба бор оранд. Аз ин рӯ, ҳушёриву бедории сиёсӣ аҳамияти бештаре пайдо мекунад. Яке аз василаҳои пурсамар аз ин лиҳоз ҳамоиши ахбори сиёсист. Ин гуна ҳамоишҳоро дар тамоми таълимгоҳҳо фаъолу муассир бояд кард.
Фирӯз Абибуллоев,
омӯзгори таърихи мактаби №100-и ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр