Тарбияи насли ояндасози ҷамъият, ки бар дӯши устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ вогузор шудааст, амали саҳлу осон набуда, аз омӯзгорон сатҳи баланди донишу ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши бардавомро тақозо мекунад. Вазифаи муҳиму аввалиндараҷае, ки дар назди омӯзгорон меистад, ин, пеш аз ҳама тарбияи ахлоқии хонандагон тавассути мутолиаи пайвастаи осори бадеӣ ва дар ин замина, маърифатманду соҳибфарҳанг гардонидани онҳост. Табиист, ки ба мутолиа рӯ овардани шогирдони мактаб ва завқу салиқаи китобхонию китобдӯстии онҳо солҳои охир коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, ба устодону омӯзгорон зарур аст, ки роҳу шеваҳои гуногунро истифода намуда, шавқу рағбати хонандагонро ба китобу мутолиаи осори гаронбаҳои намояндагони адабиёти классики форсу тоҷик, ҷаҳон ва муосир бедор намуда, бо баргузории чорабиниҳои рангини беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ, вохӯрию мулоқот бо адибони маъруфу шинохтаи тоҷик, роҳандозии мушоираву ҷашнвораҳои адибон ва амсоли ин аҳамияти барҷастаи тарбиявию ахлоқии осори нобиғагони адабиётро ба шогирдон хотиррасон намоянд. Баргузор намудани маҳфилҳои фаннӣ яке аз омилҳои тақвият бахшидан ба раванди китобхонӣ ва рушди тафаккури хонандагон ба шумор меравад.
Омӯзгори кӯшову талошманд дар ҳар як маҳфил метавонад перомуни осори ин ё он адиб (чӣ намояндаи адабиёти классики форсу тоҷик, чӣ ҷаҳонӣ ва чӣ муосири миллатҳои гуногун) суҳбату баҳсҳо биорояд ва дар хусуси муҳтавою ғояи он асар маълумоти васеъ пешниҳод намояд. Нақли мухтасари асар, таҳлили иҷмолии характеру образҳо ва хотиррасон намудани аҳамияти тарбиявию маърифатии он, бешак, ҷаззобияту маъруфияти осори мавриди муҳокимаро барои шогирдон бармало месозад. Бад-ин тарз, зина ба зина шавқу рағбати хонандагон ба дарёфту мутолиаи китобҳои таълифнамудаи адибон меафзояд ва онҳо саъй менамоянд, ки бештар вақти худро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ сарф намоянд. Дигар василае, ки меҳру муҳаббати мактабиёнро ба китобу китобхонӣ зиёд мекунанд, ин китобхонаи мактаб ва фаъолияти гуногунпаҳлуи китобдори он маҳсуб меёбад. Маҳз китобхона ҳамчун хазинаи маънавии муассисаи таълимӣ метавонад таваҷҷуҳу шавқи хонандагонро ба мутолиаи бардавом зиёд намуда, баҳри ҳар чӣ бештар дастрас кардану хондани асарҳои нав ба нави адибон ба онҳо кумак намояд.
Фирӯза Ғаниева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №28-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр