Илова ба мавзӯъҳои асосӣ дар лаҳзаҳои дарс, дар маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ ба хонандагон дар бораи онҳое, ки хориҷ аз Ватанамон барои рушди адабиёти тоҷик саҳмгузорӣ кардаанд, маълумот додан хеле муфид хоҳад буд.
Як зумра донишмандони хориҷӣ, чун А.Бертелс, Э.Браун, Р.Фрайд, А.Болдирев…, дар таҳқиқоту баррасӣ ва ташвиқи адабиёти классикию муосири мо кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Дар посух ба самимият, ихлос ва меҳру муҳаббати ин гуна пажӯҳишгарони соҳибхирад мо ва шогирдонамон бояд оид ба ҳаёту фаъолияташон маълумот дошта бошем, номи некашонро пос дорем. Яке аз ин абармардони адабпарвар шарқшиноси маъруфи рус, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Иосиф Самуилович Брагинский мебошад. Ин олими номвар соли 1905 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба дунё омада, соли 1931 Донишкадаи шарқшиносии ба номи Наримонови шаҳри Маскавро хатм бинмудааст. Ӯ, ки адабиёти Шарқро хуб омӯхта буд, бештар ба адабиёти тоҷик майл пайдо мекунад ва ба Тоҷикистон омада, фаъолона бо аҳли илму адаби тоҷикон мепайвандад. Муддате дар вазифаҳои ҳизбӣ кор карда, пасон барои идомаи фаъолият ҳамчун ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС ба шаҳри Маскав меояд. И.С. Брагинский аз солҳои 30-юми садаи 20 ба таҳқиқи адабиёт ва фолклори тоҷик пардохта, дар муборизаҳо баҳри исботи ҳастӣ ва мероси фарҳангии халқи тоҷик бо устод Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. Ба муқобили даъвоҳои пантуркистон як силсила мақолаҳо навишта, ғояи муштарак будани мероси адабии классикии эрониёну тоҷиконро ҷонибдорию собит бинмудааст. Якчанд асари барҷастаи ин омили фарохназару ҳақиқатпараст ба таҳлилу таҳқиқи осору намояндагони адабиёти классикии тоҷик, аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Носири Хисрав бахшида шудаанд. Махсусан, таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ дар байни пажӯҳишҳои олим мавқеи муҳим дорад.
И.С.Брагинский яке аз аввалин муҳаққиқони осори устод Айнӣ мебошад ва дар бораи рӯзгорони пурҳаводису асарҳои барҷастаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик таҳқиқоти зиёди бунёдиеро ба анҷом расонидааст. Ин олими маъруф яке аз муаллифони асари машҳури «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (солҳои 1957-1958, ба забонҳои тоҷикию русӣ) мебошад. Китобҳояш «Аз Авесто то Айнӣ», «Таҳқиқотҳо оид ба маданияти тоҷикон», «Аз таърихи назми халқии тоҷикӣ», «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» дар Тоҷикистон бо теъдоди зиёд ба нашр расидаву эътироф гардидаанд.
И.С. Брагинский бо ҷоизаву нишону унвонҳои зиёде мукофотонида шудааст ва месозад, ки номи неки ӯро ҳамеша пос дорем ва асарҳояшро амиқ биомӯзем.
Давлатбӣ Ёракова,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр