Нашрияи Омӯзгор

Нахустомили омодагӣ ба дарс

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Ҳадафи асосии ҳар як дарс ба хонанда ба тариқи ҳар чӣ бештар фаҳмову дастрас ва мароқовар  фаҳмондани  муҳтавою ҳадафи мавзӯи муайян аст. Барои ин омӯзгор омодагии пешакӣ мебинад, меандешад, менависад, китоб варақ мезанад, аёният интихоб менамояд.

Дар ин самт кори асосӣ интихоби дурусту мувофиқ ва бамавриди усулҳои таълим маҳсуб мешавад, ки онро дар педагогикаи умумӣ метод меноманд. Муаллим мавзӯи дарси навашро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, таҳлилу баррасӣ намуда, ба хулосае мерасад, ки барои дурусту мукаммал ба шогирдон фаҳмонидани он кадом усули таълим бештар мувофиқ аст. Усулҳои таълим гуногунанд ва имконоту мавқеи гуногун доранд. Мувофиқи муқаррароти  олимони соҳаи педагогика интихоби усули таълим ба нишондиҳандаҳои зерин бештар алоқаманданд: мазмуну мундариҷаи мавзӯъ, сатҳи донишу фаҳмиши аҳли синф, мавҷудияти ашёи зарурии таълимӣ, маҳорати омӯзгор, хусусиятҳои синнусоливу психологии хонандагон…

Таъкид бояд кард, ки як мавзӯъро метавон бо чандин усул таълим дод ва ин ба салоҳият, маҳорату таҷриба ва интихоби омӯзгор вобаста аст.

Дар баробари рушди ҷомеа, пайдоиши воситаҳои техники навин, бозёфтҳои тозаи илми педагогика ва амсоли инҳо усулҳои таълим такмил меёбанд, усулҳои нав сари кор меоянд, баъзе усулҳои таълим аз байн мераванд. Вобаста ба ин, талабот ба мазмуну муҳтаво ва корбасти методҳо меафзояд.

Илми педагогика барои усулҳои таълим як қатор талабот ба миён гузоштааст, ки муҳимтаринашонро ёдовар мешавем.

Пеш аз ҳама, усули таълим бояд аз заминаи илмӣ бархӯрдор бошад, навгониҳои илму техника, таҳқиқоти судманд ва таҷрибаҳои педагогиро дар худ инъикос намояд.

Дигар  ин ки ҳар усул ҳадафи муайян ва дуруст интихобшуда дошта бошад, ба азхудкунии ҳарчӣ амиқтари мавзӯъ мусоидат кунад. Ба инобат гирифтани майлу рағбат ва имконоти психологию ҷисмонӣ ва табиии шогирдон мақсаднокии интихоби усули таълимро бештар таъмин менамояд.

Омӯзгор мутмаин бояд бошад, ки усули интихобкардааш самаровар ва мутобиқ ба мазмуну муҳтавои мавзӯъ мебошад.

Усулҳои таълим аз ҷониби олимони соҳа омӯхтаву таҳлил карда шудаанд, вале ҳар як омӯзгор дар натиҷаи таҷрибаи бардавоми худ ва омӯзишу мулоҳизаҳои пайвастааш метавонад дар такмилсозиву пурранамоии онҳо ҳиссагузор бошад.

Е.А. Аюян,

омӯзгори гимназияи

хусусии «Тоҷикистон»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш