Қурбоншо Абдуллозода аз собиқадорони соҳаи маориф дар шаҳри Данғара аст. Наздик ба чил сол мешавад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад ва ба қавле, дар ин соҳа «гарму сарду неку бадро хуб ҳам санҷидааст». Фаъолияти омӯзгориашро соли 1982 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (факултаи физикаю математика) дар шаҳри Данғара оғоз намуда, дар вазифаҳои омӯзгор, директори мактаб, муовини мудири шуъбаи маориф, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр… кор кардааст. Аз соли 2013 директори Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара мебошад. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи нишони «Хизмати шоиста».
- Устоди арҷманд, шумо аз зумраи он омӯзгорони кишваред, ки дар ду давраи сиёсӣ – ҳам дар аҳди Шӯравӣ ва ҳам дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гаравиш ба соҳаи маориф доштанду доранд. Имрӯзҳо оид ба тафовути сатҳи таълиму тарбия дар ин ду давра бисёр сухан мегӯянд. Мулоҳизаҳои шумо дар ин мавзӯъ чигунаанд?
- Мегӯянд, ки танга ду тараф дорад ва ин ба он маъност, ки ҳар амалеву ҳодисае дорои хусусиёти мусбату манфист. Аз ҳар рухдоде метавон судеву ҳикмате бардошт. Дар даврони Шӯравӣ сатҳи таълиму тарбия дар мо паст набуд, шогирдонамон ҳам фаъол буданд ва дар мактабҳои олӣ бомуваффақият таҳсил карда, мутахассиси хуб мешуданд. Ақидае ҳаст, ки соҳаи маорифи давлати Шӯравӣ дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда буд. Имрӯз мо метавонем аз он низоми маориф баъзе ҷанбаҳои мақбулу мувофиқашро мавриди истифода қарор бидиҳем, масалан, баъзе методҳои таълиму тарбияро. Ба назарам, номақбултарин ҷанбаи таҳсилот дар аҳди Шӯравӣ маҳдудият дар масъалаи миллӣ буд. Истиқлолияти давлатӣ ин маҳдудиятро бартараф сохт ва таълиму тарбия хусусияти миллӣ пайдо кард. Акнун ба тарбияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллат таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Дар ин замина баъзе фанҳои таълимӣ ихтисор гаштанду фанҳои нави таълимӣ ба миён омаданд, китобҳои дарсии мутобиқ ба рӯҳияву талаботи замон таҳияву нашр гардиданд.
Падидаҳои хубу хушоянд дар соҳаи маориф дар даврони Истииқлолият хеле зиёданд. Худи ҳамин мактаби мо ҳам зодаи даврони мазкур аст. Муҳимтар аз ҳама, маҳз ба шарофати истиқлолият бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар мамлакати мо соҳаи афзалиятнок эълон шуд. Умуман, рушди маориф дар давраи истиқлол дар таърихи миллат назир надорад, хеле бавусъат, хеле фарогир, хеле пурсамар аст.
- Шумо дар дарозои беш аз се даҳсола ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар вазифаҳои гуногун кор кардаед. Ба кадом давраи фаъолияти худ афзалият мебахшед?
- Хушбахтона, ман дар як муҳити созгору ҳикматборе ба дунё омадаву ба камол расидаам. Барои волидони ман ва аҳли деҳаи зебоманзарамон меҳнати ҳалолу одаму одамгарӣ, тинҷиву осудагӣ асоси ҳастиву зиндагӣ ба шумор мерафт. Падарам батакрор мегуфтанд, ки одам бояд бо нони ҳалолу номи нек зиндагӣ бикунад. Албатта, ин ҳама ба шахсияти мо – фарзандон бетаъсир намондаанд. Ман аз оғози фаъолияти мустақилонаам бар он кӯшидам, ки сазовори номи неки волидони хеш ва боварии роҳбарону ҳамкорони хеш бошам. Ба ҳар коре, ки шоиста донистандам, ба қадри имкону тавони худ ҷидду ҷаҳд намудам, қобилияту истеъдодамро сарф кардам ва дар айни замон таҷриба омӯхтам, донишу маҳоратамро тақвият бахшидам. Муҳим он нест, ки дар кадом вазифа кор мекунӣ, муҳим он аст, ки чӣ манфиате ба халқу миллати азизи худ мебахшӣ. Ниёгони соҳибхирадамон хеле некуву барҳақ гуфтаанд:
На ба мансаб бувад баландии
мард,
Балки мансаб бувад ба мард
баланд.
Ҳамин гуна, ман ҳаргиз наметавонам ба ин ё он давраи фаъолияти худ афзалият бубахшам.
- Бисёр хубу ҳикматбор аст ин посухатон ва бигзор, ҳадафи кору зиндагии ҳар фард чунин бошад. Акнун мехостем ба хонандагони арҷманди ҳафтаномаи «Омӯзгор» мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқати ноҳияи Данғараро, ки имрӯз дар радифи муассисаҳои таълимии муваффақи кишвар қарор дорад, муаррифӣ бикунед.
- Мактаби Президентӣ номи баланду пурифтихор аст ва фаъолият дар он масъулияти бештареро тақозо дорад. Дар чунин таълимгоҳ маъмулан хонандагони болаёқату истеъдодманд гирд меоянд, ки ба омӯзиши бавусъату пурмуҳтаво шавқманданд. Истеъдодҳоро гирд овардан амали чандон душвор нест, вале онҳоро рушду парвариш бахшидан ва ҳадафгиру неруманду мусаллаҳ кардан ҷидду ҷаҳди зиёд тақозо дорад. Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара баҳри ба роҳ мондани таълиму тарбияи шоиставу пурсамари шогирдон тамоми имкониятҳоро дорост. Ин ҷо 42 омӯзгор ва 19 мураббӣ, ки ҳама дар заминаи озмун ба кор қабул шудаанд, ба 572 хонанда дарс мегӯянд, машғулиятҳо баргузор менамоянд, роҳбарӣ мекунанд. Аз он қаноатмандам, ки ҳамаи омӯзгорони мо бо камоли масъулият фаъолият доранд, тозакору навоваранд ва шогирдони худро чун волидонашон самимона дӯст медоранд, пайваста баҳри бозомӯзиву такмили ихтисоси хеш мекӯшанд. Ин муҳимтарин омили комёбӣ дар соҳаи таълиму тарбия аст, зеро омӯзгор, омӯзгори фаъолу кӯшову ҷӯё бузургтарин дороӣ ва калиди дари ганҷинаи маънавии ҳар маърифатгоҳ мебошад.
Машғулиятҳо дар мактаби мо дар як баст ҷараён меёбанд ва дар басти дуюм дарсҳои илова баргузор мешаванд. Ҳамчунин, ҳар рӯз шомгоҳон (аз соати 19:00 то 20:00) хонандагон аз ҳамаи фанҳо ба маҳфилҳо ҷалб карда мешаванд. Яъне, тамоми рӯз шогирдони мо бо танаффусҳои кӯтоҳ ба омӯзиш машғуланд. Барои ин ба онҳо ва ба устодон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар муассисаи таълимии мо комиссияи назорат ба сифати таҳсилот таъсис дода шудааст, ки 7 омӯзгори варзида узви онанд. Аъзои ин комиссия мунтазам дар дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, онҳоро таҳлилу баррасӣ мекунанд. Дар соли таҳсили гузашта аз ҷониби комиссияи мазкур бо ҳадафи муайянсозии сатҳу сифати таҳсилот дар синфҳои гуногун 64 кори хаттию тестӣ гирифта шудааст.
Ҳамаи 23 синфхонаи таълимӣ ва 10 кабинети фаннӣ бо ашёи муосири таълимӣ (аз ҷумла, воситаҳои техникии таълим) пурра муҷаҳҳазанд. Омӯзгорон дар машғулиятҳои худ аз 7 адад тахтаи электронӣ истифода мебаранд. Дар байни устодони таълимгоҳ ҳамкорию омӯзиши таҷрибаи якдигар хуб ба роҳ монда шудааст ва онҳо дар 8 иттиҳодияи методӣ муҳимтарин масоили марбут ба сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Бовар кунед, агар омӯзгорони фаъоламонро номбар карданӣ шавам, маро лозим меояд, ки номи ҳамаи онҳоро як-як ба забон орам.
- Ва чун устодон фаъоланд, яқин, шогирдон низ аз пешрафту комёбиҳо бенасиб нестанд. Аз ин лиҳоз, метавонед чанд далел биоваред?
- Дар айёми мо яке аз барҷастатарин нишондодҳои хонандагон вобаста ба фаъолияти онҳо иштирок дар озмуну сабқатҳои гуногуни фаннию фарҳангию варзишист. Мухтасар мегӯям: танҳо дар соли таҳсили гузашта (2017-2018) шогирдони мактаби мо дар як силсила озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба 53 ҷои ифтихорӣ соҳиб гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии мактабиён хонандагони мо сазовори 28 ҷойи ифтихорӣ (аз ҷумла, 7 медали тилло) шуданд. (Ин ҷо сарвари таълимгоҳ ному насаби ҳамаи ғолибонро бо фанҳои дахлдор азёд гуфт. А.М.). Ҳамчунин, дар олимпиадаи байналмилалии хонандагон аз фанни химия, ки соли гузашта дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гашт, шогирди мактабамон Бобохон Ҳафизов ҷойи сеюмро ишғол намуд ва соҳибҷоиза гашт. Дар олимпиадаи байналмилалии хонандагони лоиҳасоз (шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2018) ду нафар шогирди мо ба пирӯзӣ расида, мақоми дуюмро ба даст оварданд.
Дар соҳаи варзиш низ комёбиҳои шогирдони мо назаррасанд. Чунончи, хонандаи синфи 7 Саидмуҳаммад Ҳасанов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии тарзи озод (дар вазни 46 кг, Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷойи сеюмро ишғол кард. Дар мусобиқаи вилоятии гӯштигирон ( тарзи озод) 8 шогирди мо дастболо гардиданд…
Бояд бигӯям, ки дар таълимгоҳамон ба ифтихори санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо ва идҳои миллӣ мунтазам вохӯриву ҳамоишу конфронсҳо созмон дода мешаванд. Соли гузашта 30 конфронс дар мавзӯъҳои гуногун баргузор намудем.
- Саҳну атрофи таълимгоҳ хеле зебову ороставу назаррабост. Маълум, ки ба масоили марбут ба ободонӣ низ дар мактаб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
- Ман ҷонибдори онам, ки мегӯянд: дар мактаб ҳама чиз бояд дар тарбияи шогирдон нақшгузор бошад. Аз ин рӯ, мо чун як манбаи муҳими тарбияи зебоипарастӣ (эстетикӣ) ба тозаву озодагии ҳар як дарсгоҳ, долону толорҳо ва раҳраву атрофи таълимгоҳамон махсус диққат медиҳем. Мактаби мо дар мавзеи хеле хушманзара, дар пояи пуштаи дарахтзору сабзқабо ҷойгир аст ва мо бояд ба ин зебоии табиӣ зебоии дигар зам кунем, мутобиқ бошем. Дар замини гирдогирди бинои таълимгоҳ беш аз 2000 дарахти ороишӣ, дарахтони мевадор ва гулу гулбуттаҳо шинонда шудаанд ва хуб нашъунумӯ доранд. Дар ду гармхонаи мактаб илова ба кабудиҳои гуногун кӯчати гулҳо парварида мешавад. Дар тозагиву озодагиву оростагии таълимгоҳу атрофи он кулли устодону шогирдон ва тамоми кормандон ҳиссагузоранд.
- Воқеан, ман қаблан огаҳӣ доштам, ки дар мактаби Президентии Данғара хонандагон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
- Дуруст аст ва мо аз ин ифтихор дорем. Дар таълимгоҳи мо айни замон аз 38 шаҳру ноҳияи кишвар кӯдакони соҳиблаёқат гирд омадаанд ва хеле аҳлонаву дӯстона зиндагӣ ва таҳсил доранд. Аз ин лиҳоз, мактаби моро метавон боргоҳи дӯстӣ номид. Хонандагон бо хобгоҳи муҷаҳҳази замонавӣ таъминанд ва се вақт хӯрокашон ҳамеша омода аст. Аз китобхона, ҳуҷраҳои фароғатӣ, ҳаммом истифода мебаранд. Мураббиён ба онҳо ғамхорию роҳнамоӣ мекунанд. Мо ба тарбияи дӯстиву рафоқат дар байни шогирдонамон таваҷҷуҳи доимӣ дорем.
- Муаллим ҳафтаи гузашта шумо шастумин солгарди умри пурбаракататонро истиқбол гирифтед. Ба ин муносибат табрикатон мегӯем. Хаста нашудаед?
- Барои табрик ташаккур. Агар умр камсамару пургиреҳу якранг ҷараён ёбад, кас зуд хаста мешавад ва баръакс умри ҳамбаста бо барору дӯстиву рафоқат одамро рӯҳбаланду солиму ғайратманд нигоҳ медорад. Гумон мекунам, ки аз ҳастии худ то ин дам нақше баҳри рушди маорифи як гӯшаи диёри маҳбуб гузоштаам. Ин ва чеҳраҳои шукуфтаи шогирдон, нидои муҳаббатрези «Салом, муаллим!» ҳамеша хастагии моро рафъ месозанд…
Суҳбаторо
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр